Март 05, 2024 11:06 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҷузви панҷ кишвари созандаи турбина дар ҷаҳон

Муовини роҳбарии тавлиди ширкати барқи ҳароратии Эрон бо баёни инки 91 дарсад қитъаот неругоҳӣ дар кишвар тавлид мешавад, гуфт: Эрон яке аз панҷ кишвари созандаи турбина дар ҷаҳон аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Искандарӣ-муовини роҳбари тавлиди ширкати барқи ҳароратии Эрон рӯзи душанбе дар боздид аз ширкати таъмироти неругоҳҳои кишвар афзуд, Эрон ба унвони яке аз панҷ кишвари созандаи турбина дар ҷаҳон, дар муноқисаҳо(тендер)и ҷаҳонӣ ширкат мекунад.

 Искандарӣ бо баёни инки 91 дарсад қатъаҳои неругоҳи Эрон дар дохил тавлид мешавад ва аз назари зарфияти насбшуда рутбаи нӯҳуми ҷаҳонро дорад, гуфт, неругоҳҳои ҳароратӣ 94 дарсади барқи кишварро тавлид мекунанд ва шаш дарсад тавлидро дигар неругоҳҳо анҷом медиҳанд ва дар ҳоли ҳозир 42 воҳид неругоҳи ҷадид ба мадори васл шудаанд.Муовини роҳбари тавлиди ширкати барқи ҳарорати Эрон бо таъкиди инки саноъати барқи кишвар бо вуҷуди таҳрим дар ироаи хадамот ба мардум кӯчактарин кӯтоҳӣ надоштааст, афзуд, саноъати барқи Эрон дар ду соли гузашта бо вуҷуди тангнои иқтисодӣ ва таҳримҳо тавониста бо 98 дарсад омодагӣ хидматрасонӣ кунад, дар ҳоле, ки ин рақам дар ҷаҳон 95 дарсад аст.

 

 

Барчасп