Март 05, 2024 12:14 Asia/Dushanbe
  • Зарфияти табодули чаҳорҷонибаи барқи Эрон бо ҳамсоягони шимолӣ вуҷуд дорад

Вазири неруи Эрон бо баёни ин, ки зарфияти табодули чаҳорҷонибаи барқӣ миёни Эрон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон вуҷуд дорад, гуфт: Эрон бо ағлаби кишварҳои ҳамсояи худ табодули барқӣ дорад ва ин мубодилот метавонад тавсеа пайдо кунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори рӯзи душанбеи (14 исфанд) Алиакбари Меҳробиён-вазири неруи Эрон бо Ҷурабек Мирзомуҳаммадов,вазири энергии ҷумҳури Узбакистон, вазири неруи Эрон бар ҳамкории чаҳорҷонибаи кишварҳои Эрон, Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар тарҳи иттисоли электирикӣ, омодагии ширкатҳои тавонманди эронӣ барои ҳамкорӣ бо Узбакистон дар иҷрои проектҳои барқӣ, омодагии ширкатҳои тавонманди эронӣ дар заминаи судури таҷҳизоти барқӣ ва сохти хатти тавлиди таҷҳизот дар ин кишвар, ташкили дувумин нишасти гуруҳи кории муштараки энергӣ ва таҳияи нақшаи роҳи ҳамкорӣ миёни ду кишвар таъкид шуд.

Меҳробиён дар ин дидор гуфт: Ба думболи музокироти раисони ҷумҳури ду кишвари Эрон ва Узбакистон қарор шуд равобити иқтисодии ду тараф ҳампои равобити фарҳангӣ, таърихӣ ва сиёсӣ афзоиш ёбад.

 Вай бо баёни инки ин музокирот пайгирӣ мешавад, то ба проектҳои гуногун барои ду кишвар табдил шавад, изҳор кард: Эрон бо ағлаби кишварҳои ҳамсоя ба вежа бо кишвари Туркманистон табодули барқӣ дорад ва дар ин ҷаласа дар бораи иртиботи Эрон ва Узбакистон аз масири Туркманистон музокироте сурат гирифт. Хушбахтона имкони амалисозии ин масъала вуҷуд дорад.

Мирзомуҳаммадов дар бораи гузар аз тобистони бидуни хомӯшӣ тайи ду соли пайдарпай дар Эрон тасреҳ кард: Дар заминаи ҳамкориҳои барқӣ нукоти хубе мавриди ишора қарор гирифт ва дар ин бора дар замони авҷи масраф метавон монеъаҳоро бартараф кард.

 Вазири энергияи ҷумҳурии Узбакистон дар поён хотирнишон кард: Омодагии комили ҳамкории ҷумҳури Узбакистон бо кишвари Эрон дар ин замина вуҷуд дорад ва чашмандози онро бисёр наздик мебинам.

 

Барчасп