Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Ҳузур дар интихобот ҷиҳоди миллати Эрон буд
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз ҳузури миллати Эрон дар пой сандуқҳои рай дар 11 исфанд қадрдонӣ карданду гуфтанд: Ҳузури миллати Эрон дар интихобот анҷоми вазифаи иҷтимоӣ ва тамаддунӣ ва як ҷиҳод буд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имруз сешанбе баъд аз кошти 3 ниҳол ки ҳамзамон бо рузи дарахткорӣ анҷом шуд афзуданд: Душманон ҳудуди яксол бо таблиғоти худ талош карданд то мардумро аз ҳузур дар интихобот мунсариф кунанд ва интихобот аз равнақ бияфтад, аммо мардум бо ҳаракати бузург ва ҳамосаомези худ дар 11 исфанд ба мувоҷиҳа бо талоши душманони рафтанд бинобарин ин ҳаракати як ҷиҳод буд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ аз дастандаркорони интихоботи аъам аз масъулони баргузарӣ, таблиғот ва ҳифзи амният низ қадрдони карданд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба вуқуъи сейл дар бахшҳои ҷанубии устони Систону Балучистон, ҷануби шарқи Эрон ва хисоратҳои воридшуда ба мардум таъкид карданд: Кумакҳо ва имдодҳое ки аз тарафи бахшҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ дар ҳоли анҷомаст, бояд идома пайдо кунад ва касонеи ҳам ки тавонои вуруд ба имдод ва кумакро доранд барои кумакрасони ворид шаванд.