Март 05, 2024 18:43 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил/ Интихобот намоде аз аҳаммияти сандӯқҳои раъй ва мушорикат барои мардуми Эрон

Шумориши орои давоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва шашумин давраи Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ, камокон идома дорад, дар шароите, ки дар ин давра аз интихобот низ ҳузури густарда ва мушорикати мардум нақши таъйинкунанда ифо кард.

Мардуми Эрон рӯзи ҷумъа аввали марти 2024 монанди интихоботи солҳои гузашта, ҳузури густарда дар шуъаби мухталифи раъйгирии саросари кишвар доштанд то бори дигар аҳаммияти мушорикати сиёсӣ ва эътимод ба сандӯқҳои раъй ва мунтахабини худро ба ҷаҳониён эълом кунанд.

Интихоботи давоздаҳумин давраи интихоботи маҷлис ва шашумин давраи Маҷлиси Хубрагони Раҳбарии ин давра низ вижагиҳои худро дошт, ки онро бо давраҳои қабл мутамоиз мекард.

Вуруди листҳои мутанаввеъ ва ҷараёноти сиёсии ҷадид бавижа дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумлаи авомиле буд, ки мӯҷиб шуд рақобатҳои интихоботи байни номзадҳо бо шӯру ҳарорати бештаре идома пайдо кунад ва истиқболи мардум низ мӯҷиб шуд раъйгирӣ то сооти поёнии рӯзи интихобот тамдид шавад.

Шумориши комили оро ҳанӯз ба поён нарасида, аммо арзёбиҳои аввалия нишон медиҳад, ки дар бархе шаҳрҳо интихобот ба даври дувум кашида хоҳад шуд.

Интихоботи аввали март (ёздаҳуми исфанди 1402), нишондиҳандаи хости миллионҳо эронӣ барои мушорикати сиёсӣ ва эътимоди мардум ба сандӯқҳои раъй буд.

Рақами мушорикати мардум то ҳудӯди 42 дарсад арзёбӣ мешаваду шумори раъйдиҳандагон низ ҳудӯди 25 миллион нафар тахмин зада шудааст.

Албатта бо идомаи шумориши оро қатъан дарсади мушорикату шумори раъйдиҳандагон низ боло хоҳад рафт.

Дар ин давра аз интихоботи расонаҳои ғарбӣ ва бархе шабакаҳои муониди вобаста ба Амрико ва режими саҳюнистӣ дар хориҷ аз Эрон, бо дурӯғпардозӣ  ва сиёҳнамоӣ дар барномаҳои худ пеш аз интихобот талош мекарданд то ҳузури мардуми пои сандӯқҳои раъйро камранг нишон диҳанд.

Ин таблиғоту ахбори манфӣ рӯзи интихобот низ идома пайдо кард, аммо ҳузури густардаи мардум бори дигар аҳдофи ин ҷараёни таблиғии зидди Эронро хунсо кард.

Раванди интишори ахбори манфӣ, пас аз интихобот низ дар ин расонаҳо идома дораду ҳадафи таблиғотии онҳо бо вуҷуди ин гузора нодуруст аст, ки ҳузури мардуми пои сандӯқҳои раъй камранг будааст.

Ин дар шароите аст, ки садҳо соат гузориши телевизионӣ ва ҳазорон тасвири мухталиф аз ҳавзаҳои мухталифи раъйгирӣ, нодуруст будани ин таблиғотро нишон медиҳад.

Интихоботи рӯзи ҷумъа монанди дигари интихобот, ки солҳои гузашта дар кишвар баргузор шуд, ҷилвае муҳим ва асосӣ дошт, ки он ҳузури қобили таваҷҷуҳ ва густардаи мардум пои сандӯқҳои раъй буд.

Ҷараёнҳои сиёсӣ дар кишвар низ бо ироаи листҳои интихоботии мутааддид нақши муассире дар ҷалби назари мардум барои ҳузур дар ҳавзаҳои раъйгирӣ доштанд.

Дарсади мушорикати мардуми Эрон, дар шароите ҳудӯди 42 дарсад арзёбӣ мешавад (бо таваҷҷуҳ ба идомаи раванди шумориши оро), ки расонаҳои ғарбӣ борҳову борҳо дар бораи интихобот дар Амрико ва кишварҳои аврупоӣ бо дарсади мушорикати бисёр поинтар ҳаёҳуи таблиғотӣ ба роҳ меандозанд.

Ҳузури мардум дар ин интихобот таблиғоти давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ва расонаҳои ҳамсӯ бо ононро хунсо кард ва нишон дод мардуми Эрон дар ҳар интихоботе ба сандӯқи раъй ва мушорикати сиёсӣ барои таҳаққуқи хостаҳои худ руҷӯъ мекунанд ва таблиғоти расонаҳои ғарбӣ ва муонид низ халале дар тасмими онҳо эҷод нахоҳад кард.

 

Барчасп