Тавқифи маҳмулаи нафтии Амрико аз тарафи Эрон
(last modified Wed, 06 Mar 2024 13:01:59 GMT )
Март 06, 2024 18:01 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи маҳмулаи нафтии амрикоии киштии “ADVANTAGE SWEET” дар халиҷи Форс
    Тавқифи маҳмулаи нафтии амрикоии киштии “ADVANTAGE SWEET” дар халиҷи Форс

Неруи дарёии Ҷумҳурии исломии Эрон, маҳмулаи нафтии 50 миллиондолларии Амрикоро тавқиф кард.

Додгоҳи ҳуқуқии равобити байналмилал (шуъбаи 55)-и Теҳрон, дастури тавқифи маҳмулаи нафтии амрикоӣ дар халиҷи Форсро содир карду маҳмулаи ин киштӣ тавқиф шуд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, дар пайи таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ва ба таври вижа Амрико зидди Эрон, ки мунҷар ба пешгирии фурӯши доруҳои мавриди ниёз барои беморони парвонаӣ тавассути як ширкати шветсияӣ шудаву садамоти шадиди ҷисмонӣ ва рӯҳиро бар онҳо ворид сохтааст, беморони парвонаӣ (EB) шикоятеро алайҳи Амрико дар Додгоҳи ҳуқуқии равобити байналмилал (шуъбаи 55)-и Теҳрон анҷом доданд.

Бар ҳамин асос, бо пайгириҳои ҳуқуқии анҷомгирифта тавассути вакили парванда, дар ниҳоят Додгоҳи ҳуқуқии равобити байналмилал (шуъбаи 55)-и Теҳрон дастури тавқифи маҳмулаи нафтии амрикоии киштии “ADVANTAGE SWEET” дар халиҷи Форсро содир кардаву маҳмулаи ин киштӣ тавқиф шуд.

Бемории EB як бемории женетикии нодир аст, ки боис мешавад пӯсти кӯдакон бисёр шикананда шаваду захмҳову кафидагиҳои дарднок монанди сӯхтагии дараҷаи се дар сатҳи он эҷод шавад. Ин шароит маъмулан дар даврони навзодӣ ё авоили кӯдакӣ бурӯз пайдо мекунад.

Бар ҳамин асос, кӯдакони парвонаӣ дар Эрон ба далели таҳримҳои Ғарб бо масоилу мушкилоте рӯ ба рӯ ҳастанд.