Вазири дифоъ : Мавзеи қотеъи Эрон ҳифзи тамомияти арзии кишварҳои минтақа аст
(last modified Thu, 07 Mar 2024 05:15:24 GMT )
Март 07, 2024 10:15 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифоъ : Мавзеи қотеъи Эрон ҳифзи тамомияти арзии кишварҳои минтақа аст
    Вазири дифоъ : Мавзеи қотеъи Эрон ҳифзи тамомияти арзии кишварҳои минтақа аст

Вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ Эрон гуфт , мавзеи қотеъи Теҳрон ҳифзи тамомияти арзии кишварҳои минтақа аз ҷумлаи минтақаи Қафқоз аст .

Қафқоз минтақаӣ байни дарёи Сиёҳ ва  дарёии Касриян ( Хазар ) шомили Гурҷистон , Ҷумҳурии Озарбойҷон , Арманистон ва  бахшҳое аз Русия аст .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва  Симо , Амир сартип « Муҳамадиризо Қароии Оштиёнӣ » вазири дифоъи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор « Сурен Папикиян » вазири дифоъи Арманистон дар Теҳрон , бо таъкид бар ҳимоят аз сулҳи ҷомеъ ва  пойдор дар минтақа афзӯд , мавзеи қотеъи Теҳрон ҳимоят аз тамомияти арзии кишварҳои минтақа ва  ҳаққи ҳокимияти онҳо бар тамоми қаламрави худ ва  тағйир накардани марзҳои шинохта шудаи байналмилалӣ аст .

Амири сартип Қароии Оштиёнӣ бо баёни инки мавзӯи тақвияти равобит бо кулияи ҳамсоягони ҷузъи усӯли сиёсати хориҷии давлати Эрон аст , гуфт , кишвари Арманистон аз аҳамияти вижае дар равобити ҳамсоягӣ бо Эрон бархӯрдор бӯда ва  равобити ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф аз бадви истиқлоли Арманистон , ҳамвора раванди рӯ ба рушдӣ доштааст .

Вазири дифоъи Эрон афзӯд , Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз музокираи мустақим , сулҳи пойдор ва  иртиботи мустақими ду ҳамсоя Арманистон ва  Ҷумҳурии Озарбойҷон пуштибонӣ кардааст ва ин амрро заминасози пешрафту тавсеаи минтақаи Қафқоз медонад .

Амири сартипи Қароии Оштиёнӣ бо таъкид бар амнияти дарун минтақаӣ созукорҳои минтақаӣ амният тасреҳ кард , ҷустуҷӯи амният дар хориҷ аз минтақаи Қафқоз натиҷа маъкӯс дорад ва  минтақаро ба маҳали мунозиъаи қудратҳо табдил ва  амнияту субот дар минтақаро дучори чолишҳои бештар мекунад , лизо набояд иҷоза дод минтақаи Қафқоз ба замини рақобати дигарон табдил шавад , зеро дар ин сӯрат саботу амнияти так таки кишварҳо ба мухотира меафтад .

Вазири дифоъи Арманистон низ бо баёни инки дӯстии Ереван - Теҳрон торихӣ ва чанд ҳазор сола аст , гуфт , барои Арманистон бисёр муҳим аст ки ҳар ду кишвар дар қиболи субот дар минтақа дидгоҳи мушобеҳ доранд ва бояд бо нигоҳ ба таҳаввулоту амнияти минтақаӣ барои наздикии бештари равобити ду ҷониба талош кард .

Пас аз ҷанги 44 рӯзаи байни Арманистон ва  Ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаӣ Қарабоғ дар соли 2020 ду кишвар бо миёнҷигарии Русияи тавофуқи оташбас имзо карданд ва  бадунболи он бахшҳое аз Қарабоғ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор шуд аммо бо вуҷӯди имзои тавофуқномаи оташбас , таниш ҳамчунон бар равобити ду кишвар ҳоким бӯда ва тарафайн борҳои якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд .