Март 09, 2024 10:31 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири кишвари Эрон бар иҷрои тавофуқномаҳои имзошуда бо Тоҷикистон

Вазири кишвар(дохила)и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дифоъи шаҳрвандии Тоҷикистон бар иҷрои тавофуқоти имзошуда байни ду кишвар, ба вежа дар ҳавзаи муқобила бо балоёи табиӣ таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Аҳмади Ваҳидӣ дирӯз ҷумъа дар дидори Рустам Назарзода гуфт: Ду кишвар бо хатарҳои табиӣ ва дастсози инсонӣ рубару ҳастанд ва ҳамкориҳо, интиқоли таҷриба ва имконоту таҷҳизот метавонад ба муқобила ва пешгирии беҳтаре мунҷар шавад.

 Ваҳидӣ бо ишора ба равобити Эрон ва Тоҷикистон изҳор кард: Равобити наздик ва дорои қаробатҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва забони форсӣ унсурҳои муштараки ду кишвар аст.

 Вазири кишвари Эрон ба дидори раисони ҷумҳури Эрон ва Тоҷикистон ишора кард ва афзуд : Эрон аз зарфиятҳои хуби имдодӣ бархурдор аст ва ҳамкориҳои ду тараф метавонад ба ҳамафзоии ин зарфиятҳо мунҷар шавад.

 Ваҳидӣ бо баён инки минтақа дастхуши балоёи табие ҳамчун сел, хушксолӣ в зилзила аст, бар густариши ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон барои коҳиши осори ин буҳронҳо таъкид кард.

 Рустам Назарзода ҳам дар ин дидор хоҳони тавсеа ҳамкориҳои омӯзишӣ дар заминаҳои мухотироти табиӣ ва инсонсохт шуд.

  Рустам Назарзода афзуд: Дониш ва маҳорати коршиносони эронӣ мӯҷиби тавонманд шудани Тоҷикистон барои муқобила бо балоёи табиӣ ва инсонсохт хоҳад шуд.

  Эрон ҷузви аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишваре буд, ки сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе доир кард.

 Ҳеҷ кишваре ба андозаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон иртиботи наздик ва дилбастагӣ надорад ва иллати он ҳам қаробатҳои нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии миллатҳои ду кишвар аст.

 Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархурдор аст ва Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ аз равобити ду кишвар ба унвони"робитаҳои хешовандӣ" ёд кардаанд.

 

 бештар бихонед:

 

Барчасп