Раисӣ : Эрон имрӯз пешрафта ва фановар аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Эрони исломии имрӯзро пешрафта ва фановар донист.
Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Садо ва Симо, Сайид Иброҳим Раисӣ дирӯз ҷумъа дар маросими ифтитоҳи корхонаи Замзам 3 дар ширкати фӯлоди Хузистон, дар ҷанубу ғарби Эрон гуфт : Имрӯз ҷанги иродаҳост ва душман намехоҳад Эрон тавсеа ва пешрафт кунад, аммо миллати Эрон дар ҷиҳати густариши кор, тавлид ва иштиғолзоӣ дар ҷанги иродаҳо пирӯз шуданд.
Раисӣ изҳор дошт: Имрӯз дар устони Хузистон шоҳиди баҳрабардорӣ аз тарҳҳои муҳимми иқтисодӣ ҳастем, ки ба баракати дастони мутахассисон, коршиносон, мушовирон ва коргарони дохилии Эрон анҷом шудааст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба инки корхонаи Замзам 3 бо мушорикати 115 ширкати донишбунён ва беш аз 50 ширкати саноъати дохилӣ ва бидуни ҳузури коршиносони хориҷӣ сохта ва роҳандозӣ шудааст гуфт: Дар Эрон 2 миллион тон оҳани исфанҷӣ (оҳани мустақими коҳишёфта) тавлид мешавад ва ЭронИ исломӣ дар ин замина мақоми аввали минтақа ва рутбаи дувуми дунёро дорад ва ин ифтихор бузурге аст.
Раисӣ бо ишора ба баҳрабардории расмӣ аз майдонҳои нафтии Ҷафир ва Сипеҳр дар ғарби Корун изҳор дошт: Ин майдонҳои нафтӣ бо мушорикат ва сармоягузории бонкии Эрон эҷод шудааст ва ин беҳтарин сармоягузорӣ аст , ки бояд ҳар чӣ бештар густариш ёбад.