Сешанбе дар Эрон рӯзи аввали моҳи Рамазон аст
(last modified Sat, 09 Mar 2024 12:14:27 GMT )
Март 09, 2024 17:14 Asia/Dushanbe
  • Сешанбе дар Эрон рӯзи аввали моҳи Рамазон аст

Узви Ситоди истеҳлоли дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ гуфт, бар асоси пешбинии коршиносон сешанбе аввали моҳи Рамазон дар Эрон аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ҳуҷҷатулислом Муваҳҳиди Нажод, узви Ситоди истеҳлоли дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ бо баёни инки рӯяти ҳилоли моҳи мубораки Рамазон дар рӯзи якшанбе (20 исфанд) имконпазир нест, гуфт, ҳилоли моҳи Рамазон дар рӯзи душанбе (21 исфанд) ба осонӣ қобили рӯят аст.

Бинобар ин, мусулмонони худоҷӯи Эрон аз рӯзи сешанбе рӯзадор хоҳанд буд.