Март 09, 2024 18:35 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии бонувони Эрон дар рафтинги Осиё

Тими рафтинги бонувони Исфаҳон ба унвони намояндаи Эрон, қаҳрамони мусобиқоти рафтинги қаҳрамонии Осиё шуд.

Рафтинг ё қаиқсаворӣ дар рӯдхонаҳои хурушон, як моҷароҷӯии гуруҳист, ки тавассути як роҳнамо дар рӯдхонаҳои равону хурушон баргузор мешавад. Ин варзиш маъмулан чизе байни ду то се соат ба тӯл меанҷомад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, мусобиқоти рафтинги қаҳрамонии Осиё, таҳти назари федератсияи ҷаҳонии WRF дар Ҳинд баргузор шуд.

Тим рафтинги бонувони устони Исфаҳон, ки ба унвони намояндаи Эрон дар ин рақобат ширкат карда ва дар ниҳоят бонувони Эрон бо касби мақоми бартари ҳар чаҳор мода ҷойгоҳи нахусти рақобатҳоро касб карданд ва қаҳрамон шуданд.

Ду тим дар Ҳинд радаи дувум ва сеюми бахши бонувонро касб карданд.

Барасоси ин гузориш, тимҳое аз кишварҳои Ҳинд, Тоҷикистон, Непал, Ироқ, Қазоқистон ва Ҳинд низ дар ин рақобатҳо ширкат карданд.

 

Барчасп