Эрон дар таъмири маторҳои ҳавопаймо худкафо шуд
(last modified Sun, 10 Mar 2024 07:37:21 GMT )
Март 10, 2024 12:37 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар таъмири маторҳои ҳавопаймо худкафо шуд
    Эрон дар таъмири маторҳои ҳавопаймо худкафо шуд

Донишмандон ва ҷавонони нухба, кишварро дар таъмири қатаъоти маторҳои новгони ҳавопаймоӣ ба худкафои расонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз ИРНА, доктор Меҳдии Акбарифар аз мутахассисони таъмири қитъаи маркази ҳавои Мапно бо баёни ин ки озмуни таъмири матор ба сурати вижа бар руӣ матори CFM 56 ки руӣ ҳавопаймоҳои хонаводаи Эйр Боси 320 ва Буинги 737 насб мешавад, анҷом мепазирад, афзуд: Барномаҳои таъмироти дар ин маҷмуъа ҳам бар руӣ матор ва ҳам қатаъоти он анҷом мешавад, зимни ин ки дафтари тарроҳи ва депортмони сохти мо тавлиди қатаъотро низ дар барномаи худ дорад.

Ин мутахассиси таъмири қатаъоти ҳавопаймо бо баёни ин ки дар заминаи таъмироти қатаъот ва таъмири матор ба далели таҳрим маҳдудиятҳои шадиде дорем, афзуд: Чораро дар ин дидем ки худамон ба ин самт ҳаракат кунем ба хусус ширкати Мапно бо ҳамкории созмони ҳавопаймойи кишвар гувоҳиномаҳои лозим ҳамчун порти 145, порти 147 ва порти 21-ро касб намуда аст.