Эътои нишони фатҳ ба фармондиҳони кулли артиш ва сипоҳи посдорон
(last modified Mon, 11 Mar 2024 12:26:52 GMT )
Март 11, 2024 17:26 Asia/Dushanbe
  • Эътои нишони фатҳ ба фармондиҳони кулли артиш ва сипоҳи посдорон
    Эътои нишони фатҳ ба фармондиҳони кулли артиш ва сипоҳи посдорон

Ҳазрати оятулло Хоманаӣ фармондиҳи муаззами кули қувои Эрон дар маросими, нишони фатҳро ба генерал Сидабдулкарими Мусавӣ фармондиҳи кули артиш ва генерал Ҳусейни Саломӣ фармондиҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эъто карданд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, эътои ин нишон ба фармондиҳони кули артишу сипоҳ ба далели амалкарди онҳо дар иртиқои тавони дифои ва разми ва қудрати боздорандагии неруҳои мусаллаҳи Эрон анҷом шуд.

Нишони фатҳ ба унвони намоди амалиётҳои пирузмандонаи размандагони ислом ва фотиҳони ин амалиётҳо интихоб шудааст.

Ин нишон аз се барги дарахти нахл ва гунбади масҷиди ҷомеъи Хурамшаҳр ва низ парчами Ҷумҳурии Исломии Эрони ташкил шудааст.