Март 12, 2024 18:02 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил; Уфуқи равшани тавсеаи равобити Эрон ва Индонезия

Ибрози тамоюли раисиҷумҳури мунтахаби Индонезия барои тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, уфуқ ва чашмандози равшанеро барои тақвияти муносиботи ду кишвари бузург ва муҳимми исломӣ тарсим мекунад.

Прабово Субианто, вазири дифои кунунӣ ва раисиҷумҳури мунтахаби Индонезия дар дидори сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба худкафоии Эрон дар сохти таҷҳизоти фанноваронаи дифоӣ – низомӣ ва тавонмандӣ дар бумисозии ин таҷҳизот, хостори тавсеаи равобити дифоӣ - низомии Ҷакарта - Теҳрон шуд ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ба унвони кишвари қудратманду таъсиргузор дар минтақаи Ғарби Осиё сутуд.

Воқеияти амр низ ин аст, Эрону Индонезия ба унвони ду кишвари исломӣ ва пешрав дар тавсеаи фанновариҳои мухталиф дар солҳои ахир муваффақ шудаанд ба сатҳи матлубе аз рушд барисанд, ки дар бозорҳои фанноварӣ, аз ҷумла дар бахши дифоии мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор бигиранд.

Индонезия дар солҳои ахир бо пайгирии сиёсати тавсеа ва рушди иқтисоде пойдор на танҳо муваффақ ба ҷазби сармояҳои муносиби хориҷӣ шуда, балки дар пешбурди барномаҳои фанноварӣ низ муваффақиятҳои зиёдеро касб кардааст ба ҳамин далел Индонезия аз кишварҳои пешрав дар тавсеаи фанновариҳои иқтисодии саноатӣ ва дифохоҳони тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки ба сатҳи тавонмандии бумисозии фанноварӣ ва таҷҳизот даст ёфтааст.

Дар ин ҳол Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба рағми таҳримҳои Ғарб муваффақиятҳои чашмгире дар арсаҳои фанноварӣ, аз ҷумла дар бахши дифоӣ дошта ва акнӯн аз қудратҳои муҳимми паҳподӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, Эрон ва Индонезия метавонанд ба унвони ду кишвари муҳимми исломӣ дар ин заминаҳо табодулоти хубе дошта бошанд.

Муҳсини Руӣ Сифат, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегуяд: “раисиҷумҳури мунтахаби Индонезия ба далели инки дар кабинаи феълии вазири дифо аст, табиатан тамоюлу нигоҳи вай ба навъи равобити Теҳрону Ҷакарта феълан дифоӣ ва низомӣ аст ва қатъан бо истиқрор дар Кохи раёсатҷумҳурӣ ба унвони раисиҷумҳури Индонезия нигоҳи ҷомеътаре дар мавриди тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад дошт.”

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони узви таъсигузори Созмони минтақаии ЭКО ҳамвора аз робитаи рӯ ба тавсеа бо кишварҳои узви Иттиҳодияи ҳамкориҳои минтақаи ҷануби шарқи Осиё доштааст ва қатъан бо ибрози тамоюли раисиҷумҳури мунтахаби Индонезия ба тавсеаи равобит ба сатҳи ҳамкориҳои дифоӣ зарфиятҳои бештаре фарорӯи Теҳрону Ҷакарта қарор хоҳад гирифт.

Дар ин ҳол, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо раисиҷумҳури мунтахаби Индонезия бо ишора ба имзои тафоҳумномаи тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар ноябри 2022 бар зарурати иҷрои сареъи он таъкид кард. Муҳаммади Буруҷердӣ дар хусӯси пазириши донишҷӯёни афсарии Индонезия дар мақтаи доктории Донишгоҳи дифои миллии Эрон низ эъломи омодагӣ кард.

Вай бо ишора ба имзои даҳ тафоҳумномаи ҳамкорӣ ва мувофиқатномаи тиҷорати тарҷеҳӣ миёни ду кишвар дар сафари ахири раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷакарта бар зарурати тасреъ дар иҷрои ин тавофуқот дар давраи раисиҷумҳурии оқои Прабово Субианто таъкид кард. Эрон дар бахши фаннии муҳандисӣ, кишоварзӣ, фанновариҳои диҷитол ва таҷҳизоти энержӣ дар шароити таҳримӣ ба пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳ даст ёфтааст ва омодаи густариши ҳамкорӣ бо Индонезия дар ин заминаҳо аст.

Тардиде нест ба ҳар мизон ва дар тамомии бахшҳо равобити кишварҳои исломӣ тавсеа пайдо кунад, қудрати таъсигузории онҳо дар масоил ва таҳаввулоти байналмилалӣ ва минтақаӣ низ афзоиш хоҳад ёфт. Аз ҷумлаи ин масоили ҷанги режими саҳюнистӣ бар зидди мардуми мазлӯми Ғазза аст. Ба ҳамин далел, Эрону Индонезия шароити ахири Навори Ғаззаро муҳимтарин чолиши байналмилалӣ ва ҳамчунин ҷаҳони Ислом медонанд ва бар иттиҳоди кишварҳои исломӣ дар ҳимоят аз Фаластину маҳкӯмияти ҷиноёти бешумори режими саҳюнистӣ таъкид доранд.

 

Барчасп