Март 12, 2024 19:09 Asia/Dushanbe
  • Сардор Аҳмадалии Гударзӣ, фармондеҳи марзбонии фармондеҳии кулли интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон
    Сардор Аҳмадалии Гударзӣ, фармондеҳи марзбонии фармондеҳии кулли интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон

Фармондеҳи марзбонии Ҷумҳурии исломии Эрон аз хунсо шудани беш аз чаҳор ҳазор амалиёти террористӣ дар як соли гузашта дар нуқоти сифри марзӣ хабар дод.

Сардор Аҳмадалии Гударзӣ, фармондеҳи марзбонии фармондеҳии кулли интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи имрӯз - сешанбе, дар нишаст бо асҳоби расона бо эъломи ин ки се миллиону 500 ҳазор нафар марзнишин дар Эрон зиндагӣ мекунанд, изҳор дошт: 50 дарсади пуштибонии марзнишинон нисбат ба эҷоди амният афзоиш пайдо кардааст.

Сардор Аҳмадалии Гударзӣ, фармондеҳи марзбонии фармондеҳии кулли интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон

 

Фармондеҳи марзбонии Эрон гуфт, теъдоди зиёде аз гуруҳакҳо талош карданд ба марзҳои Эрон наздик шаванд, ки марзбонон ба онҳо иҷозаи арзи андом надодаву теъдоди зиёде силоҳу муҳиммот, ҷалиқаи интиҳорӣ ва ремут (пулт) аз ин аносир кашфу мусодира шудааст.

 

Барчасп