Март 12, 2024 20:25 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футзали ношунавоёни Эрон
    Тими миллии футзали ношунавоёни Эрон

Тими миллии футзали ношунавоёни Эрон бо бартарӣ муқобили Ҷопон, ба қаҳрамонии олимпии зимистонии ношунавоёни ҷаҳон расид.

Ба гузориши ИРНА, тими миллии футзали ношунавоёни Эрон дар дидори ниҳоӣ ба масофи тими Ҷопон рафт ва бо пирӯзии 3 - 1 муқобили ин тим, қаҳрамони мусобиқоти олимпии зимистонии ношунавоёни ҷаҳон шуд.

 

Алиризо Мухторободӣ ҳар 3 голи тими миллии футзали ношунавоёни Эрон дар муқобили тими Ҷопонро ба самар расонд.

Бистумин давраи бозиҳои олимпии зимистонии ношунавоён - 2024 ба мизбонии Туркия дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Барчасп