Март 12, 2024 21:30 Asia/Dushanbe
  • Размоиши дарёии муштараки Чин, Русия ва Эрон
    Размоиши дарёии муштараки Чин, Русия ва Эрон

Баргузории марҳалаи аслии размоиши дарёии муштараки Эрон, Чин ва Русия дар дарёи Уммон баёнгари тақвияти ҳамкориҳои роҳбурдии низомиву дифоӣ миёни се кишвар аст.

Дар ин размоиши бузург, ки размоиши мураккаби Камарбанди амниятии дарёӣ - 2024 ном дорад, новгурӯҳе аз новгони уқёнуси Ороми Русия ба фармондеҳии размнови мушакии “Варяг” ҳузур дорад.

Ҳамроҳ бо ин размнови бузург, зидди зердарёии “Маршал” ба ҳамроҳи як новча, ду киштии ҷангӣ ва як киштии тадорукотии Неруи дарёии Чин ва ҳамчунин шиноварҳову болгардҳое аз новгони Нерӯи дарёии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин размоиш ширкат доранд.

Дар ин ҳол намояндагӣ аз Неруи дарёии Покистон, Қазоқистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Уммон, Ҳинд ва Африқои Ҷанубӣ низ дар ин размоиш ҳузур доранд.

Ҳадаф аз баргузории ин размоиш тамрини тазмини амнияти фаъолиятҳои иқтисодии дарёӣ унвон шудааст.

Баргузории размоиши Камарбанди амнияти дарёӣ – 2024 дар дарёи Уммон аз чанд ҷиҳат муҳим аст. Аввал ин ки нишон медиҳад равобити се кишвари Эрон, Чин ва Русия дар абъоди низомиву дифоӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Дувум ин ки ин кишварҳо, ки дар қиболи масоили минтақаиву байналмилалӣ мавзеи муштарак доранд, аз омодагӣ ва тавони лозим барои барқарории амнияти оброҳҳои байналмилаливу минтақаӣ бархӯрдоранд ва сеюм ин ки размоиши дарёии муштараки Чин, Русия ва Эрон аз таҳаққуқи ташкили қудрати дифоии сеҷонибаи Шарқ барои бархӯрд бо ҳар гуна шарорати дарёӣ ҳикоят дорад.

Шаклгирӣ ва баргузории чунин размоише байни се қудрати муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ нишон медиҳад, ки Шарқ дар ҳоли бадастгирии қудрати дарёӣ ва аз байн бурдан ва ё тазъифи ҳижмунии дарёии Ғарб, ба хусус Амрико аст.

Аз ин рӯ, баргузории размоиши дарёии Камарбанди амнияти дарёӣ - 2024 аз эъломи омодагии қудратҳои минтақаиву байналмилалии шарқӣ ҷиҳати кумак ба тасбити амният ҳикоят дорад ва ин ки ин кишварҳо дар баробари таҳаввулоти дарёӣ мунфаил нестанд, балки ба шакли фаъол омодаи ҳар гуна мушорикат дар ҷиҳати тасбити сулҳу амният дар оброҳҳои ҷаҳонӣ ҳастанд.

 

Барчасп