Март 13, 2024 17:25 Asia/Dushanbe
  • Эрон бо тавлиди рӯзона 3 миллиону 148 бушка ҷойгоҳи сеюми ОПЕК-ро ҳифз кард
    Эрон бо тавлиди рӯзона 3 миллиону 148 бушка ҷойгоҳи сеюми ОПЕК-ро ҳифз кард

Бар асоси гузориши моҳи марти ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт), Эрон ҷойгоҳи сеюмин тавлидкунандаи нафти ин созмонро дар моҳи феврал ҳифз карду қимати нафти хоми сангини Эрон бо афзоиши 20 сентӣ ба 80 доллару 34 сент расид.

Гузориши моҳи марти ОПЕК нишон медиҳад, 13 узви ин созмон бар асоси гузориши манобеи сонавия дар моҳи феврал (баҳман - исфанди 1402 –и шамсӣ) 26 миллиону 571 ҳазор бушка нафти хом дар рӯз тавлид карданд, ки 203 ҳазор бушка бештар аз 26 миллиону 368 ҳазор бушкаи моҳи январ аст.

Бар асоси гузориши моҳи марти ОПЕК, пас аз Арабистон бо тавлиди рӯзона 8 миллиону 980 ҳазор бушка ва Ироқ бо тавлиди рӯзона 4 миллиону 203 ҳазор бушка, Эрон бо тавлиди рӯзона 3 миллиону 148 бушка ҷойгоҳи сеюмин тавлидкунандаи ин созмонро ҳифз кард.

Бар асоси гузориши манобеи сонавия, Эрон дар моҳи феврал 3 миллиону 148 бушка нафти хом тавлид кардааст, ки 15 ҳазор бушка камтар аз январи 2024 будааст.

Миёнгини қимати нафти хоми сангини Эрон дар соли 2024 милодӣ 80 доллару 24 сент будааст.

 

Барчасп