Март 14, 2024 10:19 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раиси Ҷумҳурии Эрон бар пешрафт дар заминаи илму фанноварӣ
    Таъкиди Раиси Ҷумҳурии Эрон бар пешрафт дар заминаи илму фанноварӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон илму фанновариро аз ҷумлаи ҳавзаҳои мавриди тамаъи душманон барои ақабнигаҳдоштани Эрони исломӣ донист ва бар пешрафт дар ин замина таъкид кард .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва  Симо , « Сайид Иброҳими Раисӣ » Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи устодон ва  нухбагон, бо таъкид бар лузуми сиёнат ва  иртиқои сатҳи илмии кишвар , ба устодон ва  нухбагон тавсия кард дар сӯрати мувоҷеҳ бо мавонеъ ва  мушкилот ба роҳати майдонро вогузор накунанд ва бо муҷоҳидатиноумедиро ба замини душман ва  умедро ба ҷомеъа тазриқ кунанд .

Раисӣ афзӯд , ҳамаи афрод ва  дастгоҳҳои мутаваллӣ ва  масъӯл ба манзури суръат гирифтани пешрафти бештари Эрон ба вижа дар арсаи илмӣ , бояд бо иқдомоти навоварона ва  ҷаҳишӣ иқдом кунанд .

Нухбагони ҳозир дар нишаст бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумла нухбагони эронӣ буданд, ки дар солҳои ахир барои идомаи фаъолиятҳои илмӣ ва  донишбунёни худ , аз кишварҳои ғарбӣ ба Эрон бозгаштаанд .

Барчасп