Канъонӣ: Амрико муттаҳами аслии нақзи анвои ҳуқуқи башар аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i112696-Канъонӣ_Амрико_муттаҳами_аслии_нақзи_анвои_ҳуқуқи_башар_аст
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Амрико дар назди виҷдони башарият ва афкори умумии ҷаҳон ба далели мушорикат дар таҷҳизу таслеҳи режими саҳюнистӣ муттаҳами аслӣ дар нақзи анвои ҳуқуқи башару қавонини башардӯстона аст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 15, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон
    Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Амрико дар назди виҷдони башарият ва афкори умумии ҷаҳон ба далели мушорикат дар таҷҳизу таслеҳи режими саҳюнистӣ муттаҳами аслӣ дар нақзи анвои ҳуқуқи башару қавонини башардӯстона аст.

Ба гузориши ИРНА, Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз - ҷумъа дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Иқдоми намоишиву риёкоронаи Амрико мабнӣ бар эҳтимом дар таъмину ирсоли маводи ғизоӣ барои фаластиниҳо, чизе аз воқеияти ҳимояти комили Амрико аз ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ кам намекунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, мақомоти амрикоӣ бо фирор ба пеш ва фаъол кардани мошини таблиғотии худ дар хусуси ҳуқуқи башар дар Эрон, қодир нахоҳанд буд ба татҳири зулму мушорикати Амрико дар наслкушиву куштори ҷамъии мардуми мазлуми Фаластин дар Ғазза ва Каронаи бохтарии рӯди Урдун бипардозанд.

Канъонӣ таъкид кард, истифодаи сиёсиву абзорӣ аз ҳуқуқи башар ва созукорҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ, бахше аз воқеияти сиёсати хориҷии Амрикост.