Амирабдуллоҳиён: Душмани саҳюнистӣ ба аҳдофаш дар Ғазза нарасид
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар паёмҳое хитоб ба раҳбарони гуруҳҳои муқовимат ва миллатҳои муқовиму сабури Лубнону Фаластин, зимни гиромидошти ёду хотираи шуҳадои муқовимат, ҳулули моҳи мубораки Рамазонро табрик гуфту афзуд: Душмани саҳюнистӣ ба ҳеҷ як аз аҳдофи эъломшудаи худ дар Ғазза нарасид.
Ба гузориши ИРНА, дар матни паёми табрики Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, ки хитоб ба Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин - Ҳамос ва Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин навишта шуда, омадааст: Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон, баҳори Қуръону моҳи меҳмонии Худованди субҳонро ба ҷаноби олӣ ва ҳамаи неруҳои муқовимату муҷоҳидон дар баробари режими манфуру ҷинояткори саҳюнистӣ ва низ ба ҷамеъи хонаводаҳои азизу шуҳадо ва маҷруҳони ҷанги ҷорӣ ва ҳамчунин ба миллатҳои муқовиму сабури Лубнону Фаластин табрику таҳният мегӯям.
Вай афзуд: Мусулмонони ҷаҳон ин моҳи шарифро дар шароите истиқбол карданд, ки режими ишғоли Қудс ба ҷиноёт алайҳи башарият ва наслкушӣ алайҳи миллати мазлуми Фаластин, ба хусус занону кӯдакони мазлуми ин сарзамини муқаддас идома медиҳад.
Амирабдуллоҳиён афзуд: Бо имоне қалбӣ ва муъминона ба таҳаққуқи ҳатмии ваъдаи нусрати илоҳӣ, дар ин айём ва шабҳои бофазилату нуронӣ, ёду хотираи ҳамаи шуҳадои муқовиматро гиромӣ дошта ва нусрати ниҳоии миллати Фаластин ва озодии Қудси шарифро аз Худованди субҳон масъалат мекунам.