Қадрдонӣ аз нақши муассири Эрон дар СҲШ
Муовини дабири кулли дабирхонаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бо табрики узвияти Эрон дар ин созмон, нақши Эронро дар пешбурди аҳдофи дармониву беҳдоштии ин созмон муассир тавсиф кард.
Жан Минг дар ифтитоҳияи ҳафтумин давраи иҷлоси вузарои саломати кишварҳои узви СҲШ гуфт: узвияти Эрон метавонад ба иртиқои саломати беш аз 3 миллиард нафар аз ҷамъияти кишварҳои узви Шанхай кумак кунад.
Жан Минг афзуд, ҳамкории кишварҳои узви Шанхай метавонад дар расидан ба аҳдофи ин иҷлос дар бахши саломат, аз ҷумла маҳори бисёре аз бемориҳои вогиру ғайривогир муассир бошад ва дар таъмини оби ошомидании солиму эмин кумак кунад.
Мавзӯи иҷлоси имсол - мавзӯи муҳими саломату эминии оби ошомиданӣ ва дафъи фозилоб аст ва 9 узви собити Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз кишварҳои Ҳинд, Чин ва Русия, Эрон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистону Покистон дар сатҳи вазир ё муовини вазир дар ин иҷлос ҳузур ва суханронӣ доранд.