Ройзании Эрону Узбекистон барои тақвияти ҳамкориҳои ҳавзаи кишоварзӣ
(last modified Sat, 16 Mar 2024 11:54:50 GMT )
Март 16, 2024 16:54 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Эрону Узбекистон барои тақвияти ҳамкориҳои ҳавзаи кишоварзӣ

Сафири Эрон дар Узбекистон дар дидор бо вазири кишоварзии ин кишвар, бар зарурати ниҳоӣ созии асноди поя ва имзои тафоҳумномаҳои лозим ба манзури тасҳили ҳамкориҳои кишоварзӣ, таъкид кард.

Муҳаммадалии Искандарӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тошканд бо Иброҳим Абдураҳмонов, вазири кишоварзии Узбекистон дидор ва дар хусӯси тавсеа ва тақвияти ҳамкорҳои ҳавзаи кишоварзӣ ва баҳрабардорӣ аз зарфиятҳо ва фурсатҳои мавҷӯд музокира карданд.

Дар ин мулоқот, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ташреҳи тавонмандиҳои Эрон ва зарурати ниҳоисозии асноди поя ва имзои тафоҳумномаҳои лозим ба манзури тасҳили ҳамкориҳо дар бахши қарантинаи гиёҳӣ ва домӣ, ба имкони тавлиди муштараки маҳсӯлоти ғизоӣ, содироти таҷҳизоту адавоти кишоварзӣ, эҷоди системаҳои навини обёрӣ мутобиқи дониши рӯз, ҳамкории муштарак дар ҳавзаи кӯдҳои шимиёӣ, ҳамкориҳои омӯзишӣ, тавлиди муштараки гиёҳони доруӣ, табодули таҷриба ва ҳузури фаъоли ширкатҳои донишбунён ва ғайра ишора дошт.

Вазири кишоварзии Узбекистон низ зимни таъкид бар аҳаммияти бахши кишоварзӣ барои кишвару мардуми Ҷумҳурии Узбекистон, ба нақши муҳиму ҳаётии донишу фанноварии кишвари Эрону ширкатҳои эронӣ дар ростои фаъол кардани бахшҳои мағфули кишоварзии Узбекистон ва механиза кардани он, ишора дошт ва ибрози умедворӣ кард, ки бо ҳимояту ҳамкориҳои наздики ду тараф дар ояндаи наздик, иқдомоти муҳим дар ҳамкориҳои ҳавзаи кишоварзиро шоҳид бошем.