Имзои бузургтарин қарордодҳои нафтии Эрон бо такя бар тавони дохилӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i112770-Имзои_бузургтарин_қарордодҳои_нафтии_Эрон_бо_такя_бар_тавони_дохилӣ
Мудиромили Ширкати миллии нафти Эрон аз имзои қарордодҳои тавсеаи 6 майдони нафтӣ ба арзиши беш аз 13 миллиард доллар бо такя бар тавони дохилӣ хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Март 17, 2024 17:23 Asia/Dushanbe
  • Имзои бузургтарин қарордодҳои нафтии Эрон бо такя бар тавони дохилӣ

Мудиромили Ширкати миллии нафти Эрон аз имзои қарордодҳои тавсеаи 6 майдони нафтӣ ба арзиши беш аз 13 миллиард доллар бо такя бар тавони дохилӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Муҳсини Хуҷастамеҳр, мудиромили Ширкати миллии нафти Эрон рӯзи якшанбе дар маросими имзои қарордодҳои тавсеаи 6 майдони нафтии ҷануби ғарби Эрон, ки бо ҳузури Муҳаммади Мухбир, муовини аввали раисҷумҳур ва Ҷаводи Авҷӣ, вазири нафти Эрон баргузор шуд, гуфт, бар асоси ин қарордодҳо рӯзонаи 400 ҳазор бушка нафт ба зарфияти тавлиди ин маёдин афзӯда хоҳад шуд, ки бароварди он солона баробар бо 15 миллиард доллар аст.