Тафсир. Густариши ҳавзаи нуфузи ширкатҳои донишбунёни эронӣ дар бозорҳои байналмилалӣ
(last modified Mon, 18 Mar 2024 09:11:45 GMT )
Март 18, 2024 14:11 Asia/Dushanbe
  • Ширкатҳои донишбунён аз дастовардҳои муҳими илмиву санъатӣ ва фанноварии Ҷумҳурии исломии Эрон
    Ширкатҳои донишбунён аз дастовардҳои муҳими илмиву санъатӣ ва фанноварии Ҷумҳурии исломии Эрон

Дар идомаи афзоиши талошҳо барои тавсеаи ҳузуру нуфузи тиҷории ширкатҳои донишбунёни Ҷумҳурии исломии Эрон дар бозорҳои байналмилалӣ, шонздаҳ ширкати донишбунёни Эрон дар бистучаҳорумин давраи намоишгоҳи саломати кишвари Кения ҳузур хоҳанд дошт, ки аз 17 то 19 апрели соли 2024 дар Найроби баргузор мешавад.

Ин намоишгоҳи саломатмеҳвар дар Кения бо ҳузури беш аз 35 кишвари дунё ва бо ҳадафи рафъи халаҳои мавҷуд дар ҳавзаи саломат ва масоили перомунии он дар Кения ва кишварҳои минтақа баргузор мешаваду фурсати муғтанаме аст то ҷадидтарин дастовардҳову навовариҳои ширкатҳои донишбунёни Ҷумҳурии исломии Эрон дар як рақобати ҷаҳонӣ ба намоиш дарояд.

Илова бар ин, ҳузури 16 ширкати донишбунёни Ҷумҳурии исломии Эрон дар намоишгоҳи Кения, иртибототи тиҷории ин гуна ширкатҳои эрониро дар хориҷ аз кишвар, ба вижа қораи Африқо тақвият медиҳад. Воқеият ин аст, ки ширкатҳои донишбунён падидаву саноеъи ҷадиду навпо дар Эрон аст, аммо дар ҳудуди як даҳаи ахир муваффақиятҳои зиёдеро дар арсаҳои фанновариву навоварӣ ва ҳатто содирот касб кардааст.

Алии Фотиминажод, коршиноси масоили байналмилалӣ дар ин бора мегӯяд: Ширкатҳои донишбунён аз дастовардҳои муҳими илмиву санъатӣ ва фанноварии Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки умдатан аз сӯи ҷавонони таҳсилкардаву нухба роҳандозӣ ва идораву мудирият мешаванд ва ин аз қудрат ва тавони болои илмии донишомӯхтагони Эрон ҳикоят дорад, ки ба фаврият муваффақ ба ҳузур дар арса ва бозорҳои байналмилалӣ шудаанд.

Дар солҳои ахир бархе аз ширкатҳои донишбунён худ муваффақ ба таъсиси пойгоҳи тавлидоти санъативу фанноварӣ дар бахшҳои мухталиф низ шудаанд, ки маҳсулоту тавонмандиҳои худро дар се ҳавзаи дору, таҷҳизоти пизишкӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳӣ дар бистучаҳорумин давраи намоишгоҳи саломати кишвари Кения ба намоиш хоҳанд гузошт.

Ин аз чанд ҷиҳат қобили тавваҷуҳ аст:

Аввал ин ки аз эътимод ба нафси болои ин ширкатҳо барои ҳузур дар як намоишгоҳи байналмилалӣ ҳикоят дорад.

Дувум ин ки мудирони ин ширкатҳо ташхис додаанд, ки маҳсулоти онон аз тавоноии лозим барои рақобат бо ширкатҳои байналмилалӣ бархӯрдоранд.

Сеюм ин ки ҷаҳон ҳар рӯз ва ҳар чӣ бештар бо зарфиятҳову тавоноиҳои илмиву фанноварӣ ва технологии Ҷумҳурии исломии Эрон ошно мешавад.