Март 18, 2024 18:06 Asia/Dushanbe
  • Қазовати доварони ҷопонӣ дар дидори Эрон ва Туркманистон
    Қазовати доварони ҷопонӣ дар дидори Эрон ва Туркманистон

Федератсияи ҷаҳонии футбол тими доварии дидори тимҳои миллии футболи Эрон ва Туркманистонро эълом кард.

Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва Симо, дидори тимҳои миллии футболи Эрон ва Туркманистон аз марҳалаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2026 панҷшанбе 2 фарвардини 1403 аз соъати 19:30 дар варзишгоҳи Озоди баргузор мешавад ва бо эъломи Федератсияи ҷаҳонии футбол Юсука Ороки ба унвони довар ва Ҷун Миҳоро ва Куто Вотанбе ба унвони кумакҳои вай аз Ҷопон ин бозиро қазоват мекунанд. Ҳируки Косоҳоро ба унвони довари чаҳорум барои ин мусобиқа интихоб шудааст.

Ҳамчунин нозири довари аз Малайзия ва намояндаи мусобиқа аз Ҳинд аст.