Март 19, 2024 14:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди генерал Боқирӣ бар густариши ҳамкориҳои низомии Эрон ва Сурия
    Таъкиди генерал Боқирӣ бар густариши ҳамкориҳои низомии Эрон ва Сурия

Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар густариши ҳамкориҳои низомии Эрон ва Сурия таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Алии Маҳмуди Аббос вазири дифоъи Сурия ки ба Теҳрон сафар кардааст, ба иттифоқи ҳайати ҳамроҳ бо генерал Муҳаммади Боқирӣ раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дидору гуфтугу кард.

Генерал Боқирӣ дар ин дидор гуфт: Муқовимати мардуми Ғазза дар муддати наздик ба шаш моҳ зери шадидтарин ҳамалоти режими саҳюнистӣ баёнгари мизони қудрат ва тавонмандии болои неруҳои муқовимат аст.

Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ишора ба ин ки ҷиноёти зиддибашарии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғаззаи боис беҳайсият шудани ҳомиёни ин режим низ шудааст бар зарурати ройзаниҳои мустамари мақомоти ду кишвар дар чунин шароит ва дар сутуҳи мухталиф таъкид кард.

Генерал Алии Маҳмуди Аббос низ дар ин дидор гуфт: зарурият дорад ки ҳамкориҳои муштараки неруҳои мусаллаҳи Эрон ва Сурия ба унвони меҳвари муқовимат густариш ёбад.

Дар ин дидори дутараф ҳамчунин идомаи ҷиноёти саҳюнистҳо дар борикаи Ғазза ва сукути бархе давлатҳо дар қиболи онро маҳкум карданд ва ҳамалоти ин режим ба мардуми мазлуми Фаластин ва ҳамалоти ҳавоӣ ба Лубнон ва Сурияро нишонаи нокомии режими саҳюнистӣ дар дастёби ба аҳдофи номашруъ ва фарофикании ин режим донистанд.

Барчасп