Март 19, 2024 18:37 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии ҷавонони эронӣ дар рақобатҳои куштии Ҷоми қаҳрамонони Туркия
    Қаҳрамонии ҷавонони эронӣ дар рақобатҳои куштии Ҷоми қаҳрамонони Туркия

Тими куштии ҷавонони Эрон бо касби 9 медали талло , 1 нуқра ва 2 медали бринҷӣ қаҳрамони рақобатҳои куштии Ҷоми қаҳрамонони Туркия шуд.

Ба гузориши Ирно , рақобатҳои байналмилалии куштии озоди ҷавонони Ҷоми қаҳрамонон рӯзҳои 26 ва 28 исфандмоҳ дар шаҳри Аталияи Туркия баргузор шуд .

Дар поёни ин мусобиқот тими Эрон бо касби 9 медали талло тавассути Алии Муъминӣ дар вазни 57 килограм , Шаҳдоди Хусравӣ дар вазни 61 килограм , Саҷҷоди Пирдоя дар вазни 65 килограм , Алии  Каримипӯр дар вазни 70 килограм , Алии Ризоӣ дар вазни 74 килограм , Маҷиди Боқирӣ дар вазни 79 килограм , Абулфазли Раҳмонӣ дар вазни 86 килограм , Амирризои Далерӣ дар вазни 92 килограм , Абулфазли Боболӯ дар вазни 97 килограм , 1 медали нуқра тавассути Орин Саҷҷодӣ дар вазни 97 килограм , 2 медали бринҷӣ тавассути Алии Яҳёипӯр дар вазни 57 килограм ва  Масъуди Острикӣ дар вазни 79 килограм бо иқтидор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт .

Дар радабандии тимии Эрон бо 235 имтиёз бо ихтилофи имтиёзи болои ба унвони қаҳрамонӣ расид , Туркия бо 170 килограм ноибқаҳрамон шуд ва Озарбойҷон бо 122 имтиёз дар ҷойгоҳи сеюм истод.

Барчасп