Ирсоли паёми табрикии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамтои тоҳикстонии худ
(last modified Wed, 20 Mar 2024 07:29:57 GMT )
Март 20, 2024 12:29 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли паёми табрикии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамтои тоҳикстонии худ
    Ирсоли паёми табрикии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамтои тоҳикстонии худ

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ирсоли паёми ба Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фарорасидани наврузи бостониро ба ишон табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, матни паёми Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шарҳи зер аст: Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон раиси муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон фарорасидани растохези табиъат, гоҳи руйиши замин ва оғози соли 1403 ҳиҷрии хуршедиро ба миллати дуст ва мутамаддини Ҷумҳурии Тоҷикистони табрик ва шодбош мегуям.

Навруз, ин ойини саросари меҳру куҳане, ки реша дар фарҳангу тамаддуни ғанӣ ва ҳазоронсолаи мардумони ин паҳнаи бостонӣ дорад, мероси гарон баҳо ва нишон аз фазилат ва фарҳехтагии ниёконе аст ки дар ҳавзаи тамаддунии навруз мезистаанд.

Паёми навруз, паёми сулҳу ҳамзистии мусолиматомез ва намоди пайванд ва ошти аст. Умедворам бо омадани эътидоли баҳори ва шукуфо шудани табат ва дигаргунии замин, хасоиси нек ва писандида дар дилуҷони ҳамаи инсонҳо шукуфо гашта ва палидӣ ва нопокиҳо аз рафтору кирдори башар рахт барбандад ва таҳаввулии жарф дар аҳволи одамиён падидор гардад то шоҳиди рушду камоли ҷомеъаи башарӣ бошем.