Март 20, 2024 14:40 Asia/Dushanbe
  • Эрон раиси Конфаронси халъи силоҳи Созмони Миллал шуд
    Эрон раиси Конфаронси халъи силоҳи Созмони Миллал шуд

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар дафтари Созмони Миллал дар Женева , раёсати Конфаронси халъи силоҳро бар ӯҳда гирифт .

Ба гузориши хабаргузории Форс ; « Алии Баҳрайнӣ » сафиру намояндаи доими Эрон дар дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Женева , раёсати Конфаронси халъи силоҳро бар ӯҳда гирифт .

Сафири Эрон дар Женева дар аввалин нишасти ин Конфаронс , ба ташреҳи тарҳҳо ва  барномаҳои Эрон дар даврони раёсатии худ пардохт ва  афзӯд : Эрон дар канори соири кишварҳои сулҳ дӯст ва  мухолифи ҷангу хушунат , иртиқои сулҳу амнияти байналмилалӣ аз тариқи амҳои таслеҳоти куштори ҷамъӣ ба вижа таслеҳоти ҳастаиро дунбол хоҳад кард .

Конфаронси халъи силоҳ ки дар соли 1978 милодии эҷод шудааст , танҳо ниҳоди музокиротии чандҷонибаи байналмилалӣ дар ҳавзаи халъ силоҳ аст ки вазифаи музокира барои тадвину инъиқоди муъоҳидоти байналмилалӣ дар ин ҳавзаро бар ӯҳда дорад .

Конфаронси халъи силоҳи музокира , тадвину ниҳоисозии муъоҳидоти байналмилалии халъи силоҳии мутаъаддиде аз ҷумлаи Конвенсияи манъи таслеҳоти микрубӣ ( BWC )у муоҳидаи манъи ҷомеъи озмоишҳои ҳастаӣ ( CTBT )-ро бар ӯҳда доштааст .

Барчасп