Таслияти солрӯзи вафоти ҳамсари гиромии Паёмбари ислом ( с )
Рӯзи ( панҷшанбе ) даҳуми моҳи мубораки Рамазони соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 21 марти 2024 , солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа ( с ) ҳамсари гиромии ҳазрати Муҳаммад ( с ) Паёмбари ислом аст .
Ҳазрати Хадиҷа ( с ) ки аз занони номдору сирватманди Қурайш буданд , понздаҳ сол қабл аз Беъсат бо Паёмбари гиромии ислом ( с ) издивоҷ карданд .
Ин бонуи бузургавор , нахустин зане буданд, ки ба рисолати ҳазрати Муҳаммад ( с ) имон овараданд ва бо тамоми тавону сарвати худ ба ёрии дини исломи бархестанд .
Ҳазрати Хадиҷа ( с ) қабл аз ислом низ ба хотири доро бӯдани сифоти писандида ва фазоъили ахлоқӣ ва покдоманӣ , Тоҳира лақаб гирифта буданд .
Вуҷӯди ҳазрати Хадиҷа ( с ) барои ҳазрати Муҳаммад ( с ) ба қадре аҳамият дошт, ки Паёмбари акрам ( с ) риҳлати ин бонӯи бузургро мусибати азими хонданд ва соли риҳлати ҳазрати Хадиҷа ( с) ӯ ҳомии бузурги дигари худ яъне ҳазрати Абӯтолиб ( ъ ) , амуи худро « Омал ҳазн » яъне соли андӯҳ номиданд .
Ҳазрати Хадиҷа ( с ) , шаш фарзанд дар домани пурмеҳри хеш парвариш доданд, ки дар миёни онҳо ҳазрати Фотима ( с ) аз рутбаи хосӣ бархӯрдор аст ; духтаре, ки Раҳбарии ислом баъд аз Паёмбари гиромии ислом ( с ) ӯ ҳазрати Имом Алӣ ( а ) , Имоми аввали шиаёни ҷаҳон , аз насли ӯ падид омад ва идома ёфт .
Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фарорасидани солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с )-ро ба ҳама ӣ мусулмонон ва дӯстдорони аҳлибайт ва исмату таҳорат ( а ) таслият мегӯяд .