Март 21, 2024 17:21 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ойини ифтитоҳияи сиву якумин давраи намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим дар Теҳрон
    Баргузории ойини ифтитоҳияи сиву якумин давраи намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим дар Теҳрон

Ойини ифтитоҳияи сиву якумин давраи намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд .

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Садо ва  Симо , « Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ » вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар ифтитоҳияи сиву якумин давраи намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим дар Шабистони мусаллои Имом Хумайнӣ ( раҳ ) Теҳрон бо баёни инки намояндагони 25 кишвар дар намоишгоҳи имсоли Қуръон ҳузур доранд , эълом кард , намоишгоҳи имсол илова бар инки фазои арзаи тавлидоту ҳунармандиҳои марбӯт ба Қуръонаст , бояд ба тафарруҷгоҳи муъминин Теҳрон ва  шаҳрҳои перомун низ табдил шавад .

« Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ » бо зикри ин,ки давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон худро муваззаф ба тавсеа ва тарвиҷи омӯзаҳои Қуръонӣ медонад , гуфт : Давлат , давлатии қуръонӣ ва бархеста аз наҳзати қуръонии мардуми мусулмон Эрон аст .

Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар идома бо баёни инки ҳифзу сиёнат аз марзҳои такрим ва  бузургдошти ин каломи илоҳӣ ва  омӯзаҳои Қуръонии эътиқоди амали давлату мардуми мусулмон Эрон аст , афзӯд : Мардуми мазлӯми Ғазза низ бо тамассук ба Қуръон муқобили ваҳшиёнатарин ҳамалоти режими наслкуши саҳюнистӣ наздик ба 6 моҳ истодаанд .

Бахши байналмилали ин намоишгоҳ бо ҳузури намояндагоне аз 25 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Туркия , Алҷазоир , Сенегал , Русия , Ҳинд , Фаронса , Африқои Ҷанубӣ , Чин , Канада аз дирӯзи чаҳоршанбе ба муддати ҳашт рӯз идома дорад .