Хатиби ҷумъаи Теҳрон: ДИИШ ба зудӣ нобуд мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i11287-Хатиби_ҷумъаи_Теҳрон_ДИИШ_ба_зудӣ_нобуд_мешавад
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, ба зудӣ ин хабарро хоҳем шунид, ки шарри ДИИШ аз сарзаминҳои исломӣ кӯтоҳ шудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 06, 2017 17:58 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: ДИИШ ба зудӣ нобуд мешавад

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, ба зудӣ ин хабарро хоҳем шунид, ки шарри ДИИШ аз сарзаминҳои исломӣ кӯтоҳ шудааст.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, ба таҳаввулоти минтақа, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Яман ва Баҳрайн ишора кард ва гуфт, ҳамон тавр ки ваъдаи илоҳӣ дар пирӯзии муқовимат дар Ҳалаби Сурия иҷро шуд, ба зудӣ артиш ва нерӯҳои мардумии Ироқ ҳам дар баробари гурӯҳи террористии ДИИШ дар Мусил ба пирӯзии ниҳоӣ хоҳанд расид.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба фаро расидани сивунуҳумин солгарди қиёми 19-и дай, баробар бо 9 –уми январи соли 1978 гуфт, ин қиём намоди басират, ваҳдати миллӣ ва посдорӣ аз инқилоби исломӣ ва мардуми Эрон буд.

 Оятуллоҳ Хотамӣ афзуд: “Инқилоби бузурги 19-и дайи мардуми Қум ҳамчунон бо шукӯҳ ва азамат ба роҳаш идома медиҳад ва паёми инқилобро ба гӯши ҷаҳониён расондааст”.

Мардум, мударрисон ва толибилмони ҳавзаи илмияи Қум дар 9-уми январи 1978 дар эътироз ба иҳонати режими паҳлавӣ ба шахсияти Имом Хумайнӣ (раҳ) тазоҳурот карданд, ки дар ин тазоҳурот авомили амниятии режими паҳлавӣ теъдоди зиёде аз муътаризонро ба хоку хун кашиданд.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки ояндаи инқилоби исломии Эрон ояндае бисёр равшан аст, гуфт, бояд боварҳои динии худамонро таҳким кунем, вилоятмадории худамонро идома бидиҳем ва ҳамеша дар саҳна бошем.