Таъкиди мақомоти Эрон ва Арабистон бар густариши равобити дуҷониба
(last modified Fri, 22 Mar 2024 17:19:37 GMT )
Март 22, 2024 22:19 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Эрон ва Арабистон бар густариши равобити дуҷониба
    Таъкиди мақомоти Эрон ва Арабистон бар густариши равобити дуҷониба

Сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷаддаи Арабистон ва раиси утоқи бозаргонии ин шаҳр дар дидор бо якдигар бар лузуми рушди равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмии байни ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Зарнигор сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷадда дар дидор бо Муҳамадюсуфи Ноғи раиси утоқи бозаргонии Ҷадда гуфт: Эрон зарфиятҳои фаровон ва мутанаввиъи барои барқарории анвоъи табодулот бо Арабистон аз ҷумлаи заминаҳои пизишкӣ ва дармонӣ, гардишгарӣ, масолеҳи сохтимонӣ, хадамоти фанни муҳандисӣ дорад .

Раиси утоқи бозаргонии Ҷадда низ зимни истиқбол аз рушди ҳамкориҳои Эрон ва Арабистон дар заминаҳои мухталиф бар аҳамият ва авлавияти мубодилоти иқтисодӣ ва табодули ҳайатҳои тиҷории ду кишвар таъкид кард .

Муҳамадюсуфи Ноғӣ бо ишора ба аҳамияти бандари Ҷадда, ҷойгоҳи ин шаҳр ба унвони дарвозаи вуруд ба Маккаи Мукаррама ва Мадина Мунаввара гуфт: Истифода аз зарфиятҳои Эрон барои тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмии муфид ва зарурӣ аст .