Паёми таслияти раисиҷумҳури Эрон ба давлату миллати Русия
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ҷон бохтани шумори зиёде аз шаҳрвандони бегуноҳи Русия дар ҳамлаи террористӣ Крокус Сити Холл дар Красногорск дар наздикии Маскав, дар марзи шимолу ғарби Маскавро ба раисиҷумҳур, давлату мардуми Русия таслият гуфт.
Дар ҳамлаи террористии дишаб (ҷумъа) ба муҷтамаъи тиҷории Крокус Сити Холл дар атрофи шаҳри Маскав, 115 нафар кушта ва беш аз 100 нафар ҳам захмӣ шуданд, ки маҳкумияти ҷаҳониро ба дунбол доштааст.
Дар ҳамин росто ба гузориши ИРНА, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (шанбе) дар паёме ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни таслияти ҷон бохтани инсонҳои бегуноҳ дар ҳодисаи террористии Маскав ба вай, давлату мардуми Русия, ин ҳодисаро қавиян маҳкум ва аз талошҳои мақомоти Русия барои ҳифзи амнияти миллии ин кишвар, ҳимоят кард ва ҳамчунин иқдоми ҷиддии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои муҷозоти тарроҳон ва омилин ин ҳодисаро хостор шуд.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар паёме ба раиси Думои давлатии Русия, вуқуъи ҳамлаи террористиро дар Маскав, маҳкум кард.
Пештар Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам, зимни маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ дар маркази тиҷории атрофи Маскав ва ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои ҷонбохтагон ба Сергей Лавров, вазири умури хориҷа, давлату миллати Русия таслият, гуфт ва афзуд: Муборизаи муштарак ва муассир бо терроризм, ниёзманди иқдоми ҷиддӣ ва бидуни табъизи ҷомеаи байналмилалӣ аст.