Март 23, 2024 17:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши рушди иқтисодии Эрон
    Афзоиши рушди иқтисодии Эрон

Сандуқи байналмилалии пул дар иттилооти омории худ аз афзоиши рушди иқтисодии Эрон дар солҳои ахир хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси омори мунташиршуда тавассути сандуқи байналмилалии пул, миёнаи рушди солонаи иқтисодии Эрони тайи солҳои 2013 то поёни 2021 давлатҳои ёздаҳум ва давоздаҳум 1.5 дарсад буда аст.

Мутобиқ бо оморе ки сандуқи байналмилалии пул аз рушди иқтисодии Эрон аз соли 1981 ба баъд мунташир карда, камтарини рушди иқтисоди марбут ба даврони дифои муқаддас бо 0.9 дарсад буд ки бо тавваҷуҳ ба шароити ҷангии кишвар табии буда аст.

Аммо пас аз ҷанг камтарини рушди иқтисодии Эрон дар ҳашт сол 2013 то поён 2021 буда аст.

Сандуқи байналмилалии пули миёнаи рушди солонаи иқтисодии Эрон дар 3 соли гузаштаро 3.8 дарсад баровард кард ки 2.5 баробар рушди иқтисодии Эрон дар ҳашт сол 2013 то поён 2021 буда аст.