Март 24, 2024 10:56 Asia/Dushanbe
  • Касби медали брунзи мусиқидони эронӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ

Қитъаи «Дилбаста», асаре аз оркестри якнафараи Маҳдии Атториён, муваффақ ба касби медали брунз дар мусобиқоти байналмилалии мусиқии «Global Music Awards» шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Маҳдии Атториён, оҳангсозу хонанда, мубдаии расмии «оркестри такнафара» дар Эрон ва узви Федератсияи байналмилалии мусиқидонони ҷаҳон, бо ироаи асари худ бо унвони «Дилбаста» ба мусобиқоти байналмилалии мусиқии «Global Music Awards» муваффақ ба касби медоли брунз дар бахши мусиқии ҷаҳонии ин руйдод шуд.

«Дилбаста» як мусиқии ошиқона ва бисёр латиф аст. Ин асар ба тарзи барҷастае ҳам аз ҳайси хатти мелодӣ ва ҳам созбандӣ, талфиқе аз аносири мусиқии макотиби Ғарб ва Шарқ аст.

«Global Music Awards», навъе мусобиқаи байналмилалии мусиқӣ аст, ки бидуни дар назар гирифтани шуҳрат, миллияту сини як ҳунарманд ва сирфан бо шохиси қарордодани имтиёзоти зотии як асари мусиқӣ, онро тавассути ҳайате муътабару барҷаста аз доварони мусиқӣ мавриди арзёбӣ ва рутбабандӣ қарор медиҳад.

Дар ин мусобиқа ҳатто бархе аз дорандагони ҷоизаи “Grammy” низ ширкат мекунанд. Баранда шудан дар ин руйдод бо унвони «муҳри тиллоии таъйиди мусиқӣ» шинохта мешавад.

 

Барчасп