Март 24, 2024 11:27 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии ҳунари минокории Эрон

Минокорӣ, яке аз ҳунарҳои бостонӣ ва пуртарафдори Эрон аст, ки ҳамчунон ҳунармандони бисёре дар ин замина осори ҳунарӣ халқ мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, минокорӣ, ҳунаре дерина ва чашмнавоз, ки дар он фулуз бо луобҳои рангӣ, ки аз маводи маъданӣ ва оксиди фулузот таҳия шудаанд, омехта ва дар кӯра зуб мешавад то шоҳкорҳое беназир халқ кунад.

Минокорӣ, ҳунаре аст, ки собиқае дар ҳудӯди панҷҳазор сол дорад ва аз саноеи дастӣ маҳсӯб мешавад. Имрӯза ин ҳунар бештар бар рӯи мис анҷом мешавад, вале метавон бар рӯи тилло, нуқра ва суфол низ онро ба амал овард.

Ин ҳунари асили эронӣ дар тӯли таърих фарозу нишебҳои бисёреро пушти сар гузошта ва имрӯза ба унвони яке аз маҳбӯбтарин саноеи дастии Эрон шинохта мешавад.

Аз ҳунари минокорӣ бар рӯи зурӯфе чун бушқоб, гулдон, синӣ, қандон, ва ё зеваролот монанди гарданбанд, дастбанд, ангуштар, муҳри ангуштарӣ, муҳри хотам ва низ ашёи тазъинӣ ҳамчун таблу, муҷассама истифода мешавад.

Аввалин намунаҳои минокорӣ дар Эрон ба даврони Ҳахоманишиён боз мегардад. Дар он замон, аз ин ҳунар барои тазъини зурӯфу ашёи фулузӣ истифода мешуд. Дар давраи Салҷӯқиёну Сафавиён, минокорӣ ба авҷи шукӯфоии худ расид ва ҳунармандони эронӣ бо халлоқияту зарофат, нуқӯшу тарҳҳои бадеъиро бар рӯи зурӯфу ашёъи мухталиф халқ карданд.

Зурӯфу ашёъи минокорӣ шуда ба далели рангҳои шоду нуқӯшу тарҳҳои зариф, бисёр зебо ва чашмнавоз ҳастанд. Истеҳкому мондагорӣ: Зурӯфи минокорӣ шуда дар баробари ҳарорату зарба муқовим ҳастанду умри тӯлонӣ доранд. Арзиши ҳунарӣ: Зурӯфу ашёъи минокорӣ шуда ба далели зарофату душвории тавлид, арзиши ҳунарии болое доранд.

Эрон сарзамине куҳан бо тамаддуну тарихе чандҳазор сола аст, ки ҳунарҳои бисёреро дар ин солиёни дароз дар худ парваронда ва ба арсаи зуҳӯр расондааст.