Март 26, 2024 12:53 Asia/Dushanbe
  • Шикастани рекорди бештарин сармоягузории хориҷии воқеӣ дар Эрон

Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард: Соли гузаштаи шамсӣ рекорди бештарин сармоягузории хориҷии воқеӣ дар 16 соли гузашта шикаста шуд.

Сандуқи байналмилалии пул дар охирин гузориши худ бо таъйиди 2/5 баробар шудани рушди иқтисоди Эрон дар муқоиса бо гузашта, рушди иқтисодӣ дар соли гузашта (2023)-ро 5/4 дарсад эълом кард.

 Бар асоси навтарин омори мунташиршуда аз суи Сандуқи байналмилалии пул, рушди миёнаи солонаи иқтисоди Эрон дар се соли гузашта 3/8 дарсад буда, ки 2/5 баробар рушди иқтисодӣ доштааст. Ин гузориш мутавассити рушди солонаи иқтисоди Эрон дар 10 соли гузаштаро 1/5 дарсад эълом кардааст.

 Дар ҳамин робита ва ба гузориши ИРНА, Эҳсон Хондӯзӣ, вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон низ рӯзи гузашта (душанбе) дар ёддоште дар сафҳаи шахсии худ навишт: Соли гузаштаи шамсӣ (1402) рекорди бештарин сармоягузории хориҷии воқеӣ дар 16 соли гузашта дар Эрон шикаста шуд.

 Хондӯзӣ афзуд: Чиниҳо дар 1402 бештарин вуруди сармояро ба Эрон доштанд.

 Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома хотирнишон шуд бо барномарези суратгирифта умедворанд раванди ру ба рушди солҳои 1400 то 1402, ки аз ду ба чаҳор ва акнун 5/5 миллиард доллар расид, боз ҳам идома дошта бошад.

Image Caption

Дастёбии Эрон ба рутбаи 16 дар низомҳои рутбабандии илмии ҷаҳон, афзоиши сатҳи илмии ҷомеа, афзоиши нархи босаводӣ, сабти ихтироот ва бартарӣ дар фановарӣ нано, ҳастаӣ, фазоӣ ва силлул(ҳуҷайра)ҳои бунёдӣ аз ҷумлаи дастовардҳои илмӣ ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ ба шумор меравад.

 

Барчасп