Март 26, 2024 14:09 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии пурголи тими милли хоккейи рӯйи яхи духтарони Эрон баробари Қирғизистон

Тими милли хоккейи рӯйи яхи духтарони Эрон дувумин пирӯзии худро дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё - Уқёнусия муқобили мизбони мусобиқот-Қирғизистон ба даст овард.

 Ин мусобиқот аз рӯзи якшанбе 24 март бо ҳузури тимҳои Эрон, Қирғизистон, Аморот, Ҳинд, Филиппин ва Кувайт дар Бишкеки Қирғизистон оғоз шуд.

 Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНА, духтарони миллипӯши Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз онки бо намоиши фавқулода муқобили Аморот тавонистанд шонздаҳ бар сифр ҳарифи худро мағлуб кунанд, дар дувумин дидор низ Қирғизистонро бо натиҷа 6 бар сифр аз сари роҳ бардоштанд.

 Дар поёни ин дидор Орзу Эзадӣ-дарвозабони тими миллии Эрон ба унвони бозикуни бартари майдон муаррифӣ шуд.

 Ноиб-қаҳрамони давраи қабли мусобиқоти осиёб бо ду бурди пайдарпай иқтидори худро ба рухи Осиё кашид ва нишон дод барои Ҷоми қаҳрамонӣ нақша ва барнома дорад.

 Бонувони Эрон дар севумин дидор 29 март ба масофи Ҳинд мераванд.

 

Барчасп