Март 29, 2024 18:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати имом Алӣ (а) пас аз зарбат хӯрдан дар бистуякуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд
    Ҳазрати имом Алӣ (а) пас аз зарбат хӯрдан дар бистуякуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд

19-уми Рамазон - солрӯзи зарбат хӯрдани ҳазрати Алӣ бин Абӯтолиб (а) дар масҷиди Кӯфа аст.

Дар саҳаргоҳи 19 Рамазони соли 40 ҳиҷрии қамарӣ Абдурраҳмон бин Мулҷами Муродӣ, аз гуруҳи Хавориҷ, дар ҳоле ки ҳазрати имом Алӣ (а) дар ҳоли иқомаи намози субҳ дар масҷиди Кӯфа буданд, шамшери заҳрогини худро бар сари эшон фурӯд овард.

Ҳазрати имом Алӣ (а) пас аз зарбат хӯрдан дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд, яъне дар бистуякуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.

Радиои тоҷикии Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани айёми шаҳодати ҳазрати Алӣ (а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти паёмбари акрам (с) таслият мегӯяд.