Март 31, 2024 17:07 Asia/Dushanbe

21-уми моҳи Рамазон, шаби шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) аст.

Бузургмарде, ки барои омаданаш Хонаи Худо аз ҳам шикофта шуд ва дар рафтани ғарибонааш меҳроби хонаи ҳақ ба хун нишаст то унвони баланди нахустин шаҳиди меҳроб ба номи шарифи ӯ сабт шавад.

Ҳазрати Алӣ (ъ) дар саҳаргоҳи нӯздаҳуми моҳи Рамазон дар саҷдаи намози субҳ бар асари зарбати ноҷавонмардонаи шамшери ҷоҳили гумроҳе аз хавориҷ (Ибни Мулҷами Муродӣ) ба шиддат маҷрӯҳ шуд ва ду рӯзи баъд бар асари ин ҷароҳати амиқ дар шаби 21 моҳи Рамазон ҳамзамон бо дувумин шаб аз шабҳои Қадр ба дидори Парвардгор шитофт ва ба саодату растгории абадӣ, ки умре дар интизори он буд даст ёфт.

Эшон дар шаби шаҳодати хеш дар бораи қотили худ ба фарзандаш имом Ҳасан (а) суфориш кард ва фармуд: Фарзандам! Бо асири худ мудоро кун ва бо меҳрбонӣ ва раҳмат бо ӯ рафтор кун, зеро мо аҳли байти раҳмат ва мағфиратем, пас бихӯрон ба ӯ аз ончӣ худ мехурӣ ва биёшом ӯро аз ончӣ худ меошомӣ ва агар ман аз дунё рафтам аз ӯ қасос кун, аммо ҷасади ӯро ба оташ насузон ва дасту по ва соири аъзои ӯро қатъ макун.

Дар шаби шаҳодати мавлои родмардон ва озодагони ҷаҳон имом Алӣ (а) саросари олами Ислом сиёҳпӯш ва сӯгвор аст ва ошиқони он имоми бузургвор дар ҳама ҷои ҷаҳон бавижа дар ҳарами нӯронии эшон дар шаҳри Наҷаф дар сӯги он пешвои адолату меҳрбонӣ ва шуҷоат, марсия мехонанд ва азодорӣ мекунанд.

Дар Эрони исломӣ шаби шаҳодати мавлои муваҳҳидон имом Алӣ (а) ҳамзамон бо ойинҳои вижаи шаби Қадр, гиромӣ дошта мешавад ва иродатмандони он ҳазрат афзӯн бар ба ҷо овардани аъмоли шабҳои Қадр дар шаҳодати мазлӯмонаи имоми хеш низ сӯгворӣ мекунанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Алӣ (а)-ро ба ҳамаи муъминону муштоқони он ҳазрат таслият мегуяд.

 

Барчасп