Ноибқаҳрамонии тими миллии баскетболи сенафараи мардони Эрон дар Ҷоми Осиё
(last modified Mon, 01 Apr 2024 12:15:55 GMT )
Апрел 01, 2024 17:15 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии тими миллии баскетболи сенафараи мардони Эрон дар Ҷоми Осиё

Тими миллии баскетболи сенафараи мардони Эрон барои аввалин бор ноибқаҳрамони мусобиқоти Ҷоми Осиё шуд.

Тими миллии баскетболи сенафараи мардони Эрон дирӯз (якшанбе) дар мусобиқоти Ҷоми Осиё (2024 - Сингапур), пас аз шикасти тимҳои Таиван, Ҳонг Канг, Чин, Сингапур, Ҷопон ва Зеландияи Нав‎  роҳӣ финол шуд ва дар рақобат бо Австралия натиҷаро ба ин тим вогузор кард ва барои аввалин бор ба ноибқаҳрамонии мусобиқоти Ҷоми Осиё даст ёфт.

Баскетболи сенафараи Эрон пеш аз ин танҳо дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2013 муваффақ ба касби зина шуда буд. Дар он рақобатҳо тими Эрон унвони сеюмиро ба даст оварда буд ва ин ноибиқаҳрамонии беҳтарин амалкарди баскетболи сенафараи Эрон дар Осиё буд.

Ба ҳамин муносибат, Каюмарси Ҳошимӣ, вазири варзишу ҷавонони Эрон дар паёме, ноибиқаҳрамонии тими миллии баскетболи сенафараи Эрон дар Ҷоми Осиёро табрик гуфт.