Январ 06, 2017 21:36 Asia/Dushanbe

Фардо (шанбе), ҳаштуми рабеуссонӣ, баробар бо ҳафтуми январи соли 2017-и мелодӣ солрӯзи мелоди Имом Ҳасани Аскарӣ (а), ёздаҳумин хуршеди осмони ҳидоят ва башоратдиҳандаи мунҷии мавъуд (аҷ) аст.

Мардуми Эрон дар солрӯзи мелоди Имом Ҳасани Аскарӣ (а) шаҳрҳои худро зиннат додаанд ва ин рӯзи бузургро ҷашн мегиранд.

Шаҳри Сомирро ва ҳарами нуронии Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар кишвари Ироқ низ ин рӯзҳо мизбони ҳазорон дилдодае аст, ки бо вуҷуди хатарҳо ва таҳдидҳои гурӯҳи террористии ДИИШ худро ба ин шаҳр расондаанд то дар солрӯзи мелоди он имоми бузургвор меҳмони ҳарами нурониаш бошанд.

Ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар ҳаштуми рабеуссонии 232-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон кушоданд.

Ин имоми бузургвор бо равшангароӣ ва фаҳмонидани андешаҳои ноби исломӣ ва радди шубҳаҳои динӣ дар ҳифз ва густариши дини Ислом камари ҳиммат бастанд ва ононро барои даврони ғайбати фарзанди бузургворашон ва охирин ҳуҷҷати илоҳӣ - Маҳдӣ Оли Муҳаммад омода карданд.

Ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ (а) муфассири беназири Қуръони маҷид буданд ва дар тӯли даврони имомати хеш, шеваи саҳеҳи тафсири ин китоби осмониро барои мардум равшан карданд.

 Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар давраи кӯдакӣ аз сарчашмаи дониши падари худ Имом Ҳодӣ (а) баҳраманд шуданд ва дар 22 -солагӣ бо шаҳодати эшон, рисолати сангини имоматро ба муддати 6 сол то ҳангоми шаҳодати хеш бар ӯҳда гирифтанд.

Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон мелоди босаодати ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯяд.

Гузориш аз Сомирро: Ҷалоли Холидӣ.