Сухангӯи Вазорати умури хориҷа :
Эрон нисбат ба навъи вокуниш ва танбеҳи режими мутаҷовизи Исроил тасмим мегирад
-
Сухангӯи Вазорати умури хориҷа : Эрон нисбат ба навъи вокуниш ва танбеҳи режими мутаҷовизи Исроил тасмим мегирад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкӯмияти шадид ҳамлаи режими мутаҷовизи саҳюнистӣ ба сохтимони бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Димишқ , гуфт , Эрон зимни маҳфӯз донистани ҳуқуқи худ барои иттихози иқдомоти мутақобил , нисбат ба навъи вокуниш ва танбеҳи мутаҷовиз тасмим мегирад .
Асри рӯзи душанбе дар ҳамлаи мушакии артиши режими саҳюнистӣ аз самти минтақаи Ҷавлони ишғолӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ , сардорон « Муҳаммадризои Зоҳидӣ » ва « Муҳамадҳодии ҳоҷи Раҳимӣ » ва панҷ нафар аз ҳамроҳон ба шаҳодати расиданд .
Ба гузориши Ирно , « Носири Канъонии Чофӣ » сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаи режими мутаҷовизи саҳюнистӣ ба сохтимони бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқро шадидан маҳкӯм кард .
Канъонии Чофӣ ин ҳамлаи дадманишонаро нақзи фоҳиши муқаррароти байналмилалӣ ба вижа Конвенсияи равобити диплумотики 1961 Вена донист ва афзӯд , шоиста ва боиста аст ин иқдом бо қавитарин иборот аз сӯии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид маҳкӯм ва иқдоми лозим дар қиболи мутаҷовиз анҷом шавад .
Вай таъкид кард , : Абъоди ҳамлаи нафратангези режими Исроил ба бахши консулии сафорати Эрон дар Сурия дар ҳоли баррасӣ бӯда ва масъӯлияти авоқиб ва пайомадҳои он бо режими мутаҷовизи саҳюнистӣ аст. Сухангӯи Вазорати умурхориҷаи Эрон тасреҳ кард , Ҷумҳурии Исломии Эрон , зимни маҳфӯз донистани ҳуқуқи худ барои иттихози иқдомоти мутақобил , нисбат ба навъи вокуниш ва танбеҳи мутаҷовиз тасмим мегирад .