Апрел 03, 2024 10:17 Asia/Dushanbe
  • Ғайбати ҳимоятгари миллипӯши тоҷикистонии

Тамриноти тими футболи "Персеполис" дар ҳоле пайгирӣ мешавад, ки тамоми бозикунони миллипӯши ин тим аз кишварҳои Узбекистон, Гурҷистон ва Эрон дар тамринот ҳузур доранд, аммо хабаре аз Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеи тоҷикистонии ин тим нест.

Мудофеи тими миллии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни бозии ин тим муқобили Арабистон дучори масдӯмияти ҷиддӣ шуд бо иҷозаи кадри фаннӣ ва пизишкии сурхпушон дар Тоҷикистон мондааст то истироҳати бештаре кунад.

Тибқи гузорише, ки Ҳаннонов дар ихтиёри пизишкони "Персеполис" қарор додааст, осибидидагии ӯ ҳаддиақал як ҳафтаи дигар истироҳат ба ҳамроҳ дорад ва ӯ сипас метавонад тамриноти омадасозии худ барои бозгашт ба тамриноти гуруҳиро аз сар бигирад.

Бо ин ҳол, кадри пизишкии "Персеполис" мунтазири бозгашти ӯст то муоинаҳои дақиқтаре анҷом дода ва давраи нақоҳати ӯро пайгирӣ кунанд.

 

Барчасп