Апрел 03, 2024 12:07 Asia/Dushanbe
  • Дидори коргузорони низом бо Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ; имрӯз

Сарони қуво ва ҷамъе аз коргузорони низом имрӯз (чаҳоршанбе) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дидор хоҳанд кард.

Ин дидор тибқи риволи солҳои гузашта бо ҳузури масъулон ва коргузорони низом, ҷамъе аз мудирони аршади дастгоҳҳои мухталиф, намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, масъулони собиқу фаъолони иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ.) баргузор мешавад.

Дидори рамазонии масъулон, аз муҳимтарин дидорҳои солиёнаи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ аст, ки ба сӯрати маъмул дар ин баёнот, масоили муҳим, сиёсатҳои куллӣ ва нақшаи роҳи низоми Ҷумҳурии исломӣ тарсим ва табйин мешавад.

Хабари ин дидор пас аз дарёфт аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ мунташир хоҳад шуд.

 

Барчасп