Ҳамлаи террористӣ дар ҷануби шарқи Эрон
Муовини амниятӣ ва интизомии устондори Систону Балучистон , ҷануби шарқи Эрон , аз ҳамлаи террористӣ ба ду мақари низомӣ дар шаҳристонҳои Роск ва Чобаҳори ин ноҳия хабар дод .
Гуруҳи террористии Ҷаиш Ал-Зулм ки моҳият ва вобастагии он ба режими манҳуси саҳюнист аст. ки комилани возеҳ ва равшанаст , чаҳоршанбе шаб дар иқдоми ҳамзамон талош кард мақарҳои Сипоҳ дар Роск ва Чобаҳорро ба тасарруфи худ даровард ,ки бо муқовимати мудофеъони амнияти Эрон тарроҳии онҳо дар ҳамон соъоти аввалия ноком монад .
Ба гузориши Ирно , « Алиризо марҳаматӣ » муовини амниятӣ ва интизомии устондори Систону Балучистон бо тайиди хабари ҳамлаи террористӣ ба мақари низомӣ дар Роск ва Чобаҳор гуфт , авзоъи минтақаи таҳти кантроли нерӯҳои амниятии Эрон аст. Марҳаматӣ афзӯд , гурӯҳаки Ҷаиш Ал-Зулм ки вобаста ба саҳюнистҳост , масъӯляти ҳамлаҳои террористии шаби гузаштаро бар уҳда гирифтааст .
«Сайид Маҷидмири Аҳмадӣ » муовини амниятии вазири кишвари Эрон низ бо ташреҳи ҷузъиёти ҳамлаи террористӣ дар Систону Балучистон гуфт , террористҳо муваффақ ба тасарруфи мақарҳои Сипоҳи посдорон дар Чобаҳор ва Роск нашуданд ва дар муҳосираи нерӯҳои амниятӣ ҳастанд .
Бинобар ин гузориш дар пайи ин ҳамалоти террористӣ панҷ нерӯи мудофеъи амнияти Эрон дар ҷануби Систону Балучистони Эрон ба шаҳодати расиданд .
Панҷ нафар аз террористҳо низ ба ҳалокати расиданд .