Апрел 05, 2024 16:51 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Эрон: Ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои исломӣ дар дастури кори Теҳрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар зиёфати ифтор бо сафирони кишварҳои исломии муқими Теҳрон гуфт, ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои исломӣ дар дастури кори Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ба гузориши ИРНА, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори сафирону кордорони кишварҳои исломӣ, тақвияти равобит бо ҳамсоягонро аз меҳварҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон баршумурду афзуд, авлавияти сиёсати хориҷии Эрон тақвияти таомули созанда ва пешбурди манофеи муштараку мутақобил бо кишварҳои исломӣ аст ва Теҳрон дасти ҳамкории ҳамаи ҳамсоягон ва кишварҳои исломиро ба гармӣ мефишорад.

Раисӣ бо баёни инки аз чолишҳои муштараки кишварҳои исломӣ ва минтақа дахолати бегонагон аст, тасреҳ кард, бегонагон сиёсатҳо, дидгоҳҳо ва манофеи худро муққадам бар манофеи кишварҳои исломӣ медонанду ҳаргиз ба таъмини саодату рафъи мушкилоти мардум ва кишварҳои исломӣ намеандешанд.

Саидиброҳими Раисӣ афзуд, мустакбирон намехоҳанд кишварҳои исломӣ бо якдигари ҳамкорӣ, ҳамроҳӣ ва ҳамдилӣ дошта бошанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ наздикии воқеии кишварҳои исломиро намеписанданду манофеи худро дар ихтилофафканӣ, густариши терроризм, нафратпароканӣ ва султагарӣ мебинанд, дар ҳоле, ки таъмини манофеи кишварҳои исломӣ дар ҳамкорӣ ва таомули воқеӣ бо якдигар аст.

 

Барчасп