Миллати Эрон интиқоми террори шуҳадоро аз режими саҳюнистӣ хоҳад гирифт + видео
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон имрӯз бо ҳузур дар масири роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва ташйиъи пайкари шуҳадои консулгарии Эрон дар Сурия, бо маҳкӯм кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Фаластину Ғазза, ба мақоми шомихи шуҳадои консулгарӣ адои эҳтиром кард.
Ба гузориши Садо ва симо, бо ишора ба инки аҳамияти мавзӯи Фаластин, ҳуқуқи башару иттиҳоди ҷабҳаи уммати исломӣ, рӯзи буруз барои ҷаҳониён бештар мешавад, таъкид кард: Ҳузури миллати Эрону мардуми гушаву канори ҷаҳон дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс нишон дод, ки Рӯзи Қудс имсол бо солҳои гузашта мутафовиттар аст.
Оқои Қолибоф афзуд, далели он, ин аст, ки режими саҳюниситӣ девсифатӣ ва чеҳраи аслии худро нишон доду собит кард на танҳо пойбанд ба ҳуқуқи башар ва қавонини байналмилалӣ нест, балки фақат иқдом ба ҷинояту куштори мардуми бедифо мекунад.
Вай ибрози умедворӣ кард, ин бедорӣ дар ҷаҳон ва бавижа ҷаҳони ислом битавонад, мӯҷиби нобудии ин ғуддаи саратонӣ ва аз байн рафтани режими саҳюнистӣ шавад.
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар ин маросим ҳузури густардаи мардум дар роҳпаймоии Рӯзи Қудсро паёми муҳкаме ба саҳюнистҳои ғосиб донист ва гуфт: Миллати Эрон интиқоми террори шуҳадоро аз режими дар ҳоли нобудии саҳюнистиро хоҳад гирифт.
Оқои Қолибоф гуфт: Масаълаи Фаластин на танҳо масаълаи ҷаҳони Ислом, балки масаълаи башарият аст.