Судури ҳукми боздошти раҳбар ва қозиюлқуззоти Толибон
(last modified Wed, 09 Jul 2025 07:00:15 GMT )
Июл 09, 2025 12:00 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми боздошти раҳбар ва қозиюлқуззоти Толибон

Порстудей - Шуъбаи дувуми Девони кайфарии байналмилалӣ Барои Ҳибатуллоҳ Охундзода-раҳбару Абдулҳаким Ҳаққонӣ-қозиюлқуззоти ҳукӯмати Толибони Афғонистон ба иттиҳоми иртикоби ҷинояти зидди башарияти ҳукми боздошт содир кард.

Ба гузориши Порстудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Девони кайфари(ҷазои)и байналмилалӣ ( ICC ) эълом кард : Шуъбаи дувуми пешдодрасии ин додгоҳ дар иртибот бо вазъи Афғонистон , ҳукми боздошти Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбар ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ, қозиюлқуззоти ҳукумати Толибони Афғонистонро содир кардааст.
Ин ду нафар аз таърихи 15 августи 2021 то кунун ба таври амалӣ контроли Афғонистонро дар даст доштаанд.
Бино бар эъломи Девони кайфарии байналмилалӣ , далилҳои мантиқӣ вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад ин афрод аз тариқи судури фармон , таҳрик ё тарғиб , дучори ҷинояти зидди башарият дар қолаби “ озори вобаста ба ҷинсият “ шудаанд.
Қурбониёни ин иқдомот духтарон, занон ва касоне будаанд, ки ба унвони “ ҳомиёни занону духтарон “ шинохта шудаанд.